Охир эй сарви хиромони зи кадомин чаманӣ

Ки зи сар то қадами ошӯби дилу ҷони манӣ

Лаб бибастам зи сухан лек ба хлўтгаҳи ҷон

Гоҳи дил бо ту ва гоҳе ту ба дил дар суханӣ

Бинмо он тани нозуки зи қабо то ба чаман

Ғунча дигар накунад даъвии нозуки баданӣ

Хӯни мо хӯрда чаҳ озори дилам май талабӣ

Нӯш кардӣ май мо шиша чаро май шиканӣ

Май диҳии ёдам азон лолаи рух эй боди баҳор

Чанд оташ ба ман сӯхта дил ме фиканӣ

Ёри беморӣ ман диду басӣ фотиҳа хонд

Лек шукронаи онро ки ним зистанӣ

Ҷомии он шӯх ба хўнризи тугар теғ кашад

Адаби он сет ки гардан наҳй ва дам назанӣ