Ёр ба кафи соғар шароб даромад

Маст ба қатли ман хароб даромад

Хосият май нигар ки аз назари ман

Моҳ бурун рафт ва офтоб даромад

Ҷилваи гулро чу дид бо ҳамаи мурғон

Булбули бедил ба изтироб даромад

Дили зи Рахши даври майли чашма хур кард

зи орзӯии об дар сароб даромад

Теғ дигар зад ба чоки синаи ришам

Бози дарин ҷӯии рафта об даромад

Ёд ман омад сурӯди нола чу дардӣ

Дар дилам аз нағма рубоб даромад

Дид чу ҷомии баландпояи хусрав

Биҳдаҳ дар маъраз ҷавоб даромад