Дил дид лабати вази ду ҷаҳон бехабар афтод
Байни мастии ин май ки аҷаб коргар афтод
Ҳарҷо з ту шурӣаст ҳамоно ки зи хубон
Дар тинати поки ту намак бештар афтод
Зулфи сияҳати сӯхта аз барқ таҷаллӣаст
Чун акси ду рухсори ту бар икдгр афтод
То новаки ту бар сипар афтод на бар ман
Сад чин ба чин аз ҳасадам чун сипар афтод
Парвонаи зи сӯзӣ ки маро ҳаст чаҳ огоҳ
Кони шуълаи маро дар ҷигар ӯро ба пар афтод
Холӣаст дили афрӯз ба ҳар рӯ ки нишон монад
Ҳарҷо ба батон зотши ту як шарар афтод
Гар зевари тавқи саги ту боядат инак
Аз хӯни дилами лаълу зи ашкам гуҳар афтод
Ҷомии ғазали саъдӣу онон ки ҷавобаш
Гуфтанд чу бишунид ба ин назми дарафтод
Ин назм на дар поя саъдӣаст валикин
Бо гуфта ёрон дигар сар ба сар афтод