Оризи зи хат ороста шуд нӯши лабам ро
Барҳам зад азон оризу хати рӯзу шабам ро
Он нахли тарабро чу гузидам лаби ширин
Гуфто ки макун хастаи зи дандони рутабам ро
Дил дошт навой тарабии фурқати он моҳ
Бо нола бадал кард навой тарабам ро
Дорам ба ту рӯй аз ҳама зон дам ки ниҳоданд
Дар қабзаи ишқи ту зимоми талабам ро
Таб ларзаам аз оҳи худ аз зулф карам кун
Торӣ ки азон ришта бабанданд табам ро
Маҳҷӯбам азон оризи хуб аз сабаби зулф
Ёрб бикаш аз пеши ҳиҷоби сабабам ро
Гуфт аз лаб мегаван ту ҷомии суханӣ чанд
БФрўхт ба май дафтари фазлу адабам ро