Набард каъбаам аз хотири ин таманно ро
Ки қибла гоҳ кунам хаймаи гоҳи слмӣ ро
Чу нест рӯй тавваҷуҳ ба хайма гоҳ ваем
Ба сӯй каъба кунам рӯй худ тасаллӣ ро
Хаёли қомат ӯ кор сарбаландон аст
Ҳарими сидра буд ҷои дарахти тӯбо ро
Кушоди гӯшаи бурқаъи зи рӯйиш эй сӯфӣ
Биё мушоҳида кун маънии таҷаллӣ ро
Ба остонаи майхона кӣ тавон зад даст
Ба зерипоӣ накарда сипеҳри аъло ро
Ба саҷъу қофияи ҷомӣ ҳамеша моил буд
зи баҳр бастани зевари арӯси маъно ро
Ҳуҷуми ишқи ту ногуҳ расед ва яксар барад
зи хотираши ҳаваси шеъру завқи иншо ро