Кӣ буд кӣ ки шаби меҳнати ман рӯз шавад

Субҳи иқболи ман он рӯй дил афрӯз шавад

Бе ту аз сина чу хоҳам ки барорам нафасӣ

Норасида ба дилами оҳ ҷигарсӯз шавад

Кӣ шавад дӯхтаи чоки дилам аз теғи ғамат

Гар ба ҳар мӯи мижаи ?ути новак длдўз шавад

Гар мутӣъаш шавад ин гунбади фирӯза чаҳ суд

Ҳар ки бар давлати васли ту на фирӯз шавад

Чун раҳами бози зи ғамҳои ҷаҳонгар на ғамат

Мояи шодии ин ҷон ғам андӯз шавад

Чун алифи ростии қад ту бинад чаҳ аҷаб

Каз паии хизмати ту доли сифат кўз шавад

Ҳарфӣ аз сари хататгар бинависади ҷомӣ

Пеш ӯ пери хиради Тифл навомӯз шавад