То ба чашмат шуда дар нози баробари наргис
Нозанинони чамани рости назар бар наргис
Гар ба мастонаи ду чашмат кунам ӯро нисбат
Кунад аз гиряи шодии мижаҳотар наргис
Дар тамошои чамани чашми ту ҳар ҷо ки фитад
Масти чашми ту براردи зи замини сари наргис
Базми ъушрат ба сари сабзау гули каш ки шаванд
Ҷоми базми ту яке лолау дигари наргис
Чун ба болой ту монад ба ҳазорон сӯзан
Дӯхт дида ба тамошои санавбари наргис
Дар чаман ҳар саҳар аз шавқи тавъами печида
Гоҳ дар сунбули серобу гуҳӣ дар наргис
Васфи хати сияҳат хондаам аз ҳар сунбул
Шеваи чашми хушат дидаам аз ҳар наргис
Ҷомии аҳсант ки аз баҳри саводи ғазалат
Карда аз соқу варақи хомау дафтари наргис