эй сияҳтар дили сангини ту аз рӯй рақиб

Дар каҷии рост ба ҳам хуии туу хуии рақиб

Гардани андари хами бозуӣ рақибаст ту ро

Чанд бар хастаи дилони зӯр ба бозуии рақиб

Ҳарчӣ ӯ рости писандида писандида туаст

Чанд санҷидани ёрон ба тарозуии рақиб

Бас ки озор ба рӯем зи рақиб омада аст

Ҳеҷ гуҳ рӯй нахоҳам ки кунам сӯии рақиб

Умрҳо рафт ба ҳар сӯй ва ба ҷое нарасед

Баъди азин сӯии адами боди таку пўии рақиб

Сад гиреҳ бар раги ҷон май кашам аз мӯии ту лек

Тоқати як гиреҳам нест зи абрӯии рақиб

Аз худои марги рақибон ба дуо ме хоҳанд

Кас чу ҷомӣ ба ҷаҳон нест дуъогӯии рақиб