эй моҳ ки менапурсӣ аз ман

Зонгоҳ ки менапурсӣ аз ман

Овоза фиканд дар ҳамаи шаҳр

Бадхоҳ ки менапурсӣ аз ман

Шоҳии ту гадо чигуна гуяд

Бо шоҳ ки менапурсӣ аз ман

Пурсӣ ҳамароу ҷузи ту кас нест

Огоҳ ки менапурсӣ аз ман

Тӯмори шикоятам бар ин шуд

Кӯтоҳ ки менапурсӣ аз ман

Бо кӯҳи ғам ту рафтам аз ҷой

Чун коҳ ки менапурсӣ аз ман

Аз лаъл ту нест кори ҷомӣ

Ҷузи оҳ ки менапурсӣ аз ман