Манам ки даъвии ишқи ту расму роҳ ман аст
Гувоҳи сидқи дарин даъвии ашку оҳ ман аст
Ҳарими дайри Муғонро гирифтаи хонқҳм
Хами шароби куҳани пери хонақоҳ ман аст
Гарми зи меҳри ту монеъ нагашт мӯии сифед
Изори ту ба хати сабзи узрхоҳ ман аст
Хуши онкии сархушат аз давр дидам ва гуфтам
Агар ғалат накунам сарви каҷи кулоҳ ман аст
Марои зи сояи девори хеш давр макун
Каз офтоби ҳаводиси ҳамин паноҳ ман аст
Маро чаҳ ғам ки ҷаҳонро сипоҳ ғам гирад
Чу ишқат аз ҳамаи ғамҳо гурезгоҳ ман аст
Чаҳ марди ишқи тўбўдм агар ба теғи ҷафо
Бирехт ғамзаи ту хӯни ман , гуноҳ ман аст
Чу аз сафои иродати занам ба ишқи ту дам
Замири поку дили равшанати гувоҳ ман аст
зи бӯстони латоиф чу ҷомии он чаманам
Ки васфи оризу хатати гули вгёҳ ман аст