То кӣ аз шавқи лабати ташна ҷигар хоҳам зист

Бо дили сӯхтау дида тар хоҳам зист

Тоҷи иззат ба серуми хоки мазаллат шуда аст

Чанд давр аз дар ту хок ба сар хоҳам зист

Гарчи сад бор чу мӯрами сипарии зери қадам

Дар раҳи хизмати ту баста камар хоҳам зист

Бас ки зад шуълаам имшаби раги ҷон бе ту чу шамъ

Равшанам нест ки то вақт саҳар хоҳам зист

Ҷони з тан рафту хаёли ту ба ҷояш бинишаст

Ба ту хоҳам пас азин зист агар хоҳам зист

Зистан бо ту чу аз даст рақибон натавон

Баъди азин бе ту ба пайғом ва хабар хоҳам зист

Май рӯй шод ки ҷомӣ ба ғами мо хуши зӣ

Бе ту пайдост ки ман чанд дигар хоҳам зист