Бар офтоби силсила пуршикан мапӣч

Мишкӣни таноб бар варақ ёсуман мапӣч

Захмам задӣ ҳазор зи як нукта , эй рақиб

Монанди мори ин ҳама бар хештан мапӣч

Бар тани шаҳиди ишқи туро хӯни либоси бас

Чун мурдаи фусурдааш андар кафан мапӣч

Хоҳам ки сар наҳй ба канорам ба вақти хоб

Имшаб , худоиро , ки сар аз ҳукм ман мапӣч

Бошад дило фасонаи он зулфи баси дароз

Тўморўор дар сифаташ бар сухан мапӣч

Бӯяш ба ҳар машом дареғ ояд эй насим

Магзар бар он қабо ва дар он перҳан мапӣч

Ҷомӣ ! туро камол басаст ин тариқи хос

Дар таври шеъри хусраву назм ҳасан мапӣч