эй сайқали ҷабин ту дода ҷилои рӯҳ

Дар дил буд хаёли ту танро ба ҷои рӯҳ

эй нисбати сафоӣ батон бо вуҷӯди ту

Чун нисбати кудурати тан бо сафои рӯҳ

Худ гӯ ки аз ту чун гусалам чун туе маро

Меҳнат задой қолаб ва роҳат физой рӯҳ

Ҷонро гудохтам ба ҳавои танати балӣ

Танро кунанд аҳли иродати фидои рӯҳ

Рӯҳами хабари зи ишқ азал медиҳад куҷост

Рӯҳонӣӣ ки гӯш кунад моҷарои рӯҳ

Рӯҳи аллоҳи он нафас ки зи рӯҳ алқудс гирифт

Лаъли лабат ба он занад акнӯн салои рӯҳ

Ту рӯҳи ҷоме ва май лаъл чун хурӣ

Бошад туро ғизои тан ӯро ғизои рӯҳ