Омад насиму роиҳа мшкбор дод

Мурғони боғро хабар навбаҳор дод

Дар равзаи умеди ниҳолӣ ки руста буд

Боло кашиду миваи мақсӯд бор дод

Кӯтаҳ кунам ҳадис , гиронмояи қосидӣ

Аз раҳ раседу муждаи иқбол ёр дод

Сӯфӣ ба шукри мужда ӯ базми айши сохт

Тасбеҳу хирқаро ба мехушгувор дод

Омад ғубори мавкиб ӯ ҳамдами насим

Ушшоқро ҷилои басар зон ғубор дод

Назораи Рахши ҳамаи касро надод рӯй

Баси хастаи дил ки ҷон ба раҳ интизор дод

Андохти сояи карами он шоҳи додбхш

Ҷомӣ бихоҳ аз ситам рӯзгор дод