Ба худои ғайри худо дар ду ҷаҳон чизе нест

Бенишонаст ҳамаи ному нишон чизе нест

Чанд маҳҷӯби нишинӣ ба гумони дгарон

Хайма дар кӯии яқини зан ки гумон чизе нест

Бе забони шӯ чаҳ кунӣ срғми ишқи баён

Ки дарин масаълаи тақрири забон чизе нест

Ҳастӣ туаст ҳиҷоби ту вагар не пайдост

Ки биҷузи дӯсти дарин пардаи ниҳон чизе нест

То кӣ аз савмиъаи орои паии даъвати халқ

Бонги беҳуда чу дар суфра ва хон чизе нест

Гар зи ишқат хабарӣ ҳаст бигӯ эй воъиз

Варна хомӯш ки фарёду фиғон чизе нест

Банда ишқ шудӣ тарки насаби гӯи ҷомӣ

Ки дарин роҳи фалони бен фалон чизе нест