Ёр агар шбрўу айёр буд бокӣ нест

Шӯху бибоку дили озор буд бокӣ нест

Гарчи ғмхонаҳи ушшоқи зи вай вайрон аст

То на ҳамхонаи ағёр буд бокӣ нест

Домани гул чу ба дасти ту наад боди сабо

Гар зи паии сарзаниши хор буд бокӣ нест

Умр бигузашт ба маҳрӯмӣ агар рӯзи пасин

Хатм бар давлати дидор буд бокӣ нест

Посбон гар фиканд бар дар шаҳи бистари хоб

Дидаи бахт чу бедор буд бокӣ нест

Ҳаркиро ишқ кунад сбҳаҳу зуннори яке

Гар миёни баста ба зуннор буд бокӣ нест

Ҷомии онро ки ба он ҷону ҷаҳон иқрор аст

Бо тугар бар сари афкор буд бокӣ нест