Он таркмони писар ки дили мо нишон ӯст

Зобрўу ғамзаи тири бало бар камон ӯст

Соҳибдилон ба роҳи вафо хок гашта анд

Гӯ хуш барон ки Рахши ҷафои зер рон ӯст

Мо дар миёни ғусса чу мўиим азон камар

Хуши он ки даст карда камар дар миён ӯст

Домани кашон чу гул ба сари сабза то гузашт

Дастони булбулони чаман достон ӯст

То баҳра манд шуд зи каф ӯ Аннан ба рух

Хӯнами дўоли бастаи зи рашк Аннан ӯст

Бошад чу ҷоми дидаи пар аз ашки ҳасратам

То дидаам ки ҷоми даҳон бар даҳон ӯст

Як ҷома нест бар тани ҷомии зи ғами дуруст

Ҷуз хушк гашта пӯст ки бар устихон ӯст