Мардуми чашмами зи ту холӣ бас аст

Мӯниси ҷон аз ту хаёлӣ бас аст

Моҳ фурушад бинмоӣ абрувон

Нойиби моҳ аз ту ҳилолӣ бас аст

Баҳри рикоби ту зи хӯни ҷигар

Бар рухи ман бастаи дўолӣ бас аст

Хон чаҳ ҳади ман ки нуҳуми пеши ту

Хизмати дарвеши хилолӣ бас аст

Моил тӯбо нашавам дар биҳишт

Боғи маро чун ту ниҳолӣ бас аст

Нест сипаҳи шарти ҷаҳонгирят

Аз ту ҳамин арзи ҷамолӣ бас аст

Соғари зари пар чаҳ кунӣ баҳри ман

Бар кафами олӯдаи суфолӣ бас аст

Музди ғазалҳои ту ҷомии тамом

Ним қабӯлии зи Ғаззолӣ бас аст