Дӯш дар ҳалқаи зулфи ту дилам ҷо ме кард

Ҳрдм аз ҳар шикани он гиреҳӣ вомӣ кард

Ҳар гиреҳро ки аз он ҳалқа кушодӣ ме дод

Партави дигар аз он рӯй тамошо ме кард

Чашмаш аз нури ҷамоли ту ҷилое ме ёфт

Ҷилвае хубтар аз пеш таманно ме кард

Дар мазоҳир ки тилисмот ҳаким азаланд

Талаби ганҷи гарони моя асмо ме кард

Чун аз он ганҷи гуҳари баҳраи худ барме дошт

Рӯй тавҳид дар афрод мсмӣ ме кард

Тезбин гашта ҳамаи айн ҳақиқат ме дид

Ҳарчӣ умрӣ ба ваии ?има ба ман ва мо ме кард

Ҳар ҳикоят ки дарин масаъла ҷомӣ ме гуфт

Нуктае буд ки рӯҳи алқудс имло ме кард