зи офтоб ба рашкам ки зери пой ту уфтад

зи соя низ ки чун зулф дар қафоӣ ту уфтад

Ба ҳар бало расад аз ту ғайр шукр нагӯям

Маро атост балое ки аз барои ту уфтад

Ба чатри шоҳи куҷои сари дароварам ки ба фарқам

Басаст сояи Лутфӣ ки аз гадоӣ ту уфтад

зи хок сарв бирӯяд зи сарви дил чу санавбар

Чу соя дар раҳе аз қади дилрабоӣ ту уфтад

Агар биҳишт буд хотирам қарор нагирад

Ба хонае ки на ҳамсояи сарой ту уфтад

з сина карда сипари чашми интизор ба роҳам

Буд ки бар сипарами новаки ҷафои тўоФтд

Буд зи нахли сухани миваи рези хомаи ҷомӣ

Умедвории онро ки он хўроӣ ту уфтад