Ориф ки сухан ба роҳ гуяд

Аллоҳи вло сўоаҳ гуяд

Исботи вуҷӯди халқ бо ҳақ

Дар таври яқин гуноҳ гуяд

Ҳаркас ки шавад мурӣди ишқат

Аввал кам мол ва ҷоҳ гуяд

Бо хирқа ва тилсон бисозад

Тарки камар ва кулоҳ гуяд

Бар ёди ту зор зор гиряд

Вази шавқи ту оҳ оҳ гуяд

Корӣ ки на ғояташ ту бошӣ

Онро амал табоҳ гуяд

Хоҳад хати ту чу шаб нависад

Бинад рухи ту чу моҳ гуяд

Чун моҳи рух ту дид ҷомӣ

Кӣ васфи шаб сиёҳ гуяд