Бе ту ҷон зиндагӣ наме хоҳад
Умр пояндагӣ наме хоҳад
Чун хатати Хизр бо вуҷӯди лабат
Чашма зиндагӣ наме хоҳад
Бе фурӯғи ҷамоли фаррухи ту
Бахт фархундагӣ наме хоҳад
Дил пароканда дид зулфи ту ро
Ҷуз парокандагӣ наме хоҳад
Шохи сунбул чу хомаи пеши хатат
Ҷуз сроФгндгӣ наме хоҳад
Узри шармандагии з рӯй ту моҳ
Ҷуз ба шармандагӣ наме хоҳад
Бандаи ҷомии ҷуз аз дар ту ба гӯш
Ҳалқа бандагӣ наме хоҳад