Ҳар маст ки май ба даст гирад

Зон наргис мепараст гирад

Онро ки фиканд соқат аз пой

Ҷузи соиди ту ки даст гирад

Бо қадари баланди сидраи худ ро

Паҳлавии қади ту паст гирад

Гар ишқи ту бар фалак наад бор

Пушти вай азон шикаст гирад

Аз зулфи ту бахти кори мо ро

Таълими кушод ва баст гирад

Ҳар чанд ки сӣаст лоами зулфат

Сад моҳии дил ба шаст гирад

Ҷомӣ киу ҷом май ки худ ро

Аз лаъли лаби ту маст гирад