То сабои турраи шбрнги туро барҳам зад

Рӯзгори дили осӯдаи мо барҳам зад

Шохҳои гулу насрин чу бахӯбӣ карданд

Бо ту даъвии ҳамаро боди сабо барҳам зад

Дарди моро нашуд умеди даво гарчи табиб

Дафтари хеши басии баҳри даво барҳам зад

Чашми сайёри ҷаҳон мисл надидат ҳар чанд

Нусхаи чеҳраи гушойони хато барҳам зад

Сад сабаби сохта будем паии васли тўлик

Ҳарчӣ мо сохта будем қазо барҳам зад

Бар сафи дрдкшони мӯҳтасиби шаҳри гузашт

Силки ҷамъияти арбоби сафо барҳам зад

Ҷомии он сарви ҷузи авсофи рух хеш наёфт

Гарчи сад раҳ чу гули авроқи маро барҳам зад