Андешаи ҷамоли ту ҳайронӣ оварад

Савдои турраи ту парешоне оварад

Моро чаҳ кор бо сарви сомон ки ишқи ту

Даркори ақл бесару сомонии аўрд

Гуфтӣ ки тарк ишқ куну роҳи ақли гир

Корӣ чаро кунам ки пушаймонӣ оварад

Шабҳо ба боғ бегул рӯй ту нола ам

Мурғони хуфтаро ба сҳрхўонӣ оварад

Давр аз ту хонаи гулу обами зи сайли ашк

Наздик шуд ки рӯй ба вайронӣ оварад

Бо ҷон бар лаби омадаи овози теғи ту

Овозаи халос ба зиндонӣ оварад

Ҷомӣ бабанд дида ки он тоқи абрувон

Сад рахна дар банноӣ мусулмонӣ оварад