Зулфи ту моҳро ба сияҳ пӯшӣ оварад

Шаброу рӯзро ба ҳам оғӯшӣ оварад

Лаълат ба хати сабз чу соқӣ шавад ба базм

Хизру Масеҳро ба қадаҳи нӯшии аўрд

Бихўд шудам зи лаъли ту ореи ҳамин буд

Хосияти шароб ки беҳӯшӣ оварад

Чун дар қабо хиром кунӣ шавқи хизматат

Арбоби хирқаро ба қбопўшӣ оварад

Аз ёд туаст зиндагӣам май наме хӯрам

Мастӣ мабодам аз ту фаромӯшӣ оварад

Ҳарҷо рисӣ чу шоҳи рақибат ба пеши роҳ

Бар ошиқони сиёсат чоўўшӣ оварад

Бар тӯтӣони ҳинди бибандади забони нутқ

Ҷомӣ чу рӯ ба саҳар сухан кӯшӣ оварад