Агар на соғари лаълат ба ком хоҳад шуд

зи дида хӯрдани хӯнам мудом хоҳад шуд

Чунин ки лоғар ва зардаст зи абрӯяти маи нав

Чу як ду ҳафта барояд тамом хоҳад шуд

Сутуни тири худ аз хонаи дилам чу кашӣ

Хаёли қади ту қоим мақом хоҳад шуд

Чу доя бар лабат ангушт зад бишорат дод

Ки хуши иборати вширин калом хоҳад шуд

Ҳаме намӯд зи қадат ҳануз нозада гом

Ки ҳамчуи Кебеки дарии хуш хиром хоҳад шуд

Ғизол вор рамедӣ з ман наме донам

Ки табъи саркаши ту боки ром хоҳад шуд

Вуҷӯди хокии ҷомии зи шавқи маҷлиси ту

Пас аз вафоти суроҳе ва ҷом хоҳад шуд