Агар парда бархезад аз рӯй кор

Набинӣ дарин пардаи ҷуз рӯй ёр

Бадоне чу зоҳир шавад пардагӣ

Ки ҳам парда ӯ буд ва ҳам пардаи дор

Ба ҳар нақши бандӣ чу парда азон

Ба берун дар мондае пардаи вор

Дарунро азин нақшҳо пок кун

Ки шояд биёбӣ дарин пардаи бор

Ба парда дарун нест алои яке

зи парда бурунаст чандини шумор

Гар аз парда ваҳдат ояд бурун

Ҳазорон ҷаҳони бали ҳазорон ҳазор

Мапиндор ҷомӣ ки донад нишаст

Ба домони ваҳдати зи касрати ғубор