Зиҳии нури ту аз ҳар зарраи зоҳир

Камоли ваҳдати зоти ту қоҳир

Туе аввали туе охири валикин

На аввали бошиддати пайдо на охир

Туе зоҳири з ҳар хотир надонам

Чаро солик кунад нафии хавотир

зи ҷоми ишқи ту як ҷуръа хоҳам

Валикин лоълӣедӣ алмзоҳр

зи ту ғоиб чаро бошам чу байнам

Ба ҳоли худ туро ҷовиди ҳозир

Туе дар чеҳраи маъшӯқи манзур

Туе дар дидаи ушшоқи нозир

Наёяд бо ватани бози он ки гардад

Ба азми каъбаи Кувайти мусофир

Кунад тарки сафар ҳар роҳдонӣ

Ки гардад бар дарат рӯзии муҷовир

Тариқати ҷомӣ аз соҳибдилии гир

Ки бошад дар сулӯки ишқи моҳир