эй дили матоъи ҷон ба лаби лаъли ёри бахш

Нақди хирад ба ҷом май хушгувори бахш

Оварад боди буии баҳор аз чаман чу гул

Авроқи илму фазл ба боди баҳори бахш

Васфи ҷамоли ишқи яке ва ягонагӣаст

Ҳошо ки ҷо кунад ба дилӣ бо ҳазор бахш

Ман узри ҷурм ишқ намехоҳам эй адиб

Ҷурми маро ба соқии мишкӣни изори бахш

Сӯзони зи хомии худам эй ишқи пухтаи кор

Ин хомро зи оташи худ як шарори бахш

Бинмоӣ рух ки мунтазири ҷони супурданам

Ҷони марои халосии азин интизори бахш

Ҷомӣ ба музди кор на ишқаст кор кун

Пас музди корро ба худованди кори бахш