эй карда зи ҳоли ман фаромӯш
Чун ҷон ки кунад зи тани фаромӯш
Гуфтам ки бар ту қисса гӯям
Кин гӯна макун зи ман фаромӯш
Дидам рухи ту зи давр ва кардам
Аз қиссаи хештани фаромӯш
Бо ҷон кунем замона карда сет
Аз меҳнати кӯҳкани фаромӯш
Ҳарҷо ки мусофирӣаст карда
Дар кӯии тўози ватани фаромӯш
Бо буи ту карда ҷони ёқӯб
Аз Юсуфу перҳани фаромӯш
Карда ба ҳавои тарафи бомат
Мурғи чаман аз чамани фаромӯш
Ҷомӣ суханат шунид ва бар вай
Шуд қоидаи сухани фаромӯш