Меҳри рухсор ту дорам ки ҷафои ту кашам
Лутфи болои ту байнам ки балои ту кашам
Бар замини пои ту ҳайфаст амони даҳ ки нахуст
Пардаи дидау дил дар таҳи пои ту кашам
Танам аз заъф чу мӯе шуд ва хоҳам ба ғалат
Ҳар дамаш дар шикани зулфи дўтои ту кашам
То наёбад ба ту каси роҳ агар битавонам
Сӯрӣ аз кӯҳи балои гирди сарои ту кашам
Ҳалқаи дами сгонт ба ман арзонии бод
То ки дар гардани ҷони тавқи вафои ту кашам
Чун наҳй рӯ ба ҷудои зи қафои зулфи кашон
Ман ба ҳар гоми сад афғони зи қафои ту кашам
Гуфтае чанд кашии ранҷу ғами ман ҷомӣ
Ҳеҷ ғам нест зи ранҷӣ ки барои ту кашам