Дар раҳи ту зи дида по кардам

Хоки поят ба дида ҷо кардам

Бастам аз ҳар чаҳ буд чашми умед

Пас ба рӯй ту дида во кардам

Синаро аз хаёли ғамзаи ту

Ҳадафи новак бало кардам

Ҳар намозӣ ки рӯй дар қибла

Давр аз абрӯии ту адо кардам

Чун ту бардоштии зи рухи парда

Пеши абрӯии ту қазо кардам

Дӯш дар тарки ишқ бо ҷомӣ

То дами субҳ моҷаро кардам

Гуфт бархез каз маҳолот аст

Тарки корӣ ки умрҳо кардам