Ба ҳеҷ масҷиду миҳроб бе ту рӯ накунам

Ки пеши абрӯии ту саҷдаи орзўнкнм

Чу гӯямат ки макун ваъдаи висоли дурӯғ

Ба як дурӯғи дилам шод кун бигӯ накунам

Чу боз кардани хуй аз ту мушкиласт он ба

Ки бо фироқи ту созам ба васл ху накунам

Фитод чок ба ҷайби ҳаёти ман эй вой

Агар ба риштаи васли тўош руфӯ накунам

Чунон хушам ба қаду оризу хатат ки ба боғ

Ба сарв ва лола набинам бунафша бӯ накунам

Сухан ба васфи миёнат рақам наёрам зад

Агар қалам чу мусаввири зи тор мӯ накунам

зи бас ки дарду ғами оради фасонаи ҷомӣ

Ба ҳар куҷо ки туе шарҳи ҳол ӯ накунам