Куштаи ханҷар ишқаст дили зиндаи мо

Ғарқи ҷамъият ӯ вақти парокандаи мо

Бахя бар васлаи пайванди касон кам зада ем

Дасти таҷред буд бахяи каши жандаи мо

Гар бихандем макун айб ки чун ғунча буд

Пардаи пӯши дили оғишта ба хӯни хандаи мо

Нақши тақвими азали зоичаҳи толеъи мост

Атфи домони абади давлати пояндаи мо

Чист дргўши вай аз моҳи нави ин ҳалқаи зар

Гар на давлат ишқаст фалаки бандаи мо

Ҳаст ҷӯянда чу ёбанда ндонем чарост

Дард ноёб насиби дили ҷӯяндаи мо

Ҷомии офоқ параст аз рақами ишқ ва ҳануз

Ҳаст азин ҳарфи хаҷали калаки сарафкандаи мо