Биё эй соқии глрх май гулранг гардон кун
Ба рӯй гули гул аз май маҷлиси моро гулистон кун
Набошад муфлисон шаб нишинро дастраси шамъӣ
Сӯии вайронаи мо ойу кори моҳ тобон кун
Ба сахтӣ меравад ҷон аз танами нодидаи дидорат
Рахт бинмоӣу ҷон додан бар ин длхстаҳ осон кун
Дили ман нома дардасту унвони чеҳраи пурхӯн
Агар мазмун наме хуонеи назар дар нақш унвон кун
зи хӯни кас ба дастати рангу теғат занг напасандам
Рақибонро ба шуғли куштани ушшоқ фармон кун
Ҳалоки ҷони мо хоҳии камони абрувонат ро
зи мижгони тири созу тирро аз ғамза пайкон кун
Хуросони маъдан ишқасту хӯбии ҷомёи дил на
Ба доғи ишқи хубон ё бирав тарк хуросон кун