Қисм ба навену қалам яъне он қаду абрӯ

Ки ҷуз ба қибла рӯй ту нест моро рӯ

Ту худ бигӯӣ з рӯй ту рӯй чун тобем

Чунин ки партав рӯй ту тофт аз ҳар сӯ

Нишони зи қурб ту дода сети андалеб ба боғ

Вагар на фохтаро чист наъраи куку

Чаро дигар пас зону нишинам аз ғами ҳиҷр

Чунин ки бо ту шудам ҳамнишину ҳамзону

Суол кард фузулӣ ки чунӣ эй маҷнӯн

зи ёри хеш ҷудо гуфт ин сухан кам гӯ

Марои зи дарди ҷудоӣ чаҳ ғам ки бо Лайлӣ

Чунон шудам ки надонам ки ин манам ё ӯ

Мадори умед шифо гуфтӣ аз лабами ҷомӣ

Ҳабибии анати табибии ФкиФи ло арҷу