Куҷост манзалат эй ганҷи дирёби куҷо

Куҷои нишон ту ёбам дарин хароби куҷо

Ниҳон чу оби ҳаётии дарин сарои фиреб

Куҷои висол ту ҷӯям дарин сароби куҷо

Лабат ба коми рақибон чигуна оташи шавқ

Нишинад аз дилами оташи куҷоу оби куҷо

Ба гуфту гӯии ту мустағнӣами зи номау пайк

Хитоби дӯсти куҷои қосиду китоби куҷо

зи бас ки масти туами рӯз ва шаб наме донам

Ки рӯзи шеб куҷо шуд шаби шабоби куҷо

Фироқ рӯй ту бар ман сиёҳи сохт ҷаҳон

Куҷост шаъшааи нури офтоби куҷо

Бирез хӯни ҳама то тўро набинад кас

Куҷост рӯй туро тоқати ниқоби куҷо

Ба фақри ориятии даъвати футувват чанд

Саводи асли куҷои гӯнаи хизоби куҷо

Ҷаноби пери Муғони ҷомии осмони ълост

Куҷост маврид ҳар сифлаи он ҷаноби куҷо