То ба чашми ту серума раҳ карда

Хонаи мардумон сияҳ карда

Соли ту чордаҳ накарда тамом

Номи ту моҳ чордаҳ карда

Рӯй ту баҳри хонаи вайронон

Дар шаби тираи кор ма карда

Меҳри рухсори олами афрӯзат

Чок дар ҷайб сбҳгаҳ карда

Умри баси кас ки дар назораи ту

Рафтаи барбод то нигаҳ карда

Подшоҳи сипоҳи ҳасани туе

То фалаки арзи он сипаҳ карда

Ишқ бо чун туе агар гунаҳ аст

На ҳамин ҷомии ин гунаҳ карда