эй ба хӯбии рухи ту аз ма ба
Қиссаи моҳ бо ту кӯтаҳ ба
Ба маи он рух чаро кунам ташбеҳ
Тарки ташбеҳи номуваҷҷаҳ ба
Гарчи омад « мушаббаҳ ба » хуб
Ҳаст сад бор азон « мушаббаҳ » ба
То шудӣ ту азизи Мисри ҷамол
Ҳасани Юсуфи наҳуфта дар чаҳ ба
Сари ирфон хуш ояд аз зоҳид
Лекин аз орифони огаҳ ба
Қиссаи аҳли дил ҳамеша хуш аст
Зикри шайхони шаҳри гуҳи гуҳ ба
Дар ватани зикри каъбаи ҷомӣ чанд
Хез кин гуфту гӯй дар раҳ ба