эй чу ҷон дар дили ман ҷо карда

Ақлро ишқи ту шайдо карда

Ҳар ки имрӯзи рахти дида ба нақд

Пушт бар нася фардо карда

Кӣ кунад рӯй тамошо ба биҳишт

Ҳарки рӯй ту тамошо карда

Бути туро дида ва чун брҳмнон

Пеши ту саҷда таманно карда

Оризат карда ба хати ғорати дайн

Ин чаҳ расмаст ки пайдо карда

Дар паии васл чу ту машки хаттӣ

Шаҳрӣ аз сар чу қалам по карда

То кунад фикри даҳонати ҷомӣ

Умр дар фан муаммо карда