Ҳеҷ азин мубтало наме пурсӣ
Чист мӯҷиб чаро наме пурсӣ
Нест пурвои ҳоли бандаи ту ро
Ваз барои худо наме пурсӣ
Вақти бегонагон хушаст басӣ
Каз ман ошно наме пурсӣ
Ҳамаи ҷо бар ту роҳ май гирам
Ҳаргизами ҳеҷ ҷо наме пурсӣ
Подшоҳии кас аз ту чун пурсад
Ки чаро аз гадо наме пурсӣ
Ба туфайл сегон бипурс аз ман
Гар аз эшон ҷудо наме пурсӣ
Ҳол ҷомӣ вафост бо саги ту
Ҳоли аҳли вафо наме пурсӣ