Гуфтам ба қоматати зи каҷӣ хуштараст рост
Кард абрӯяти зи гӯшаи ишорат ки ин хатост
Моил ба абрӯӣ ту шудам қади дилкашат
Гуфтои зи рости майли ту сӯй каҷӣ чарост
Каҷ он туасту рости ҳам эй шоҳи некӯон
Гар хост фитнае зи каҷу рост аз ту хост
Гар дорад абрӯяти каҷӣ айн ростӣаст
Бо ростии қомати ту худ каҷӣ куҷост
Ман неи каҷам на рости маро ҳар сифат ки ҳаст
Ъоритист ваон ба ҳақиқати ҳамаи ту рост
Пушти ман аз тахайюл абрӯӣ туаст каҷ
Табъи ман аз тасаввур болой туаст рост
Ҷомӣ чу ростӣу каҷии ҷумла аз ту дид
Баҳри ту хост ҳар каҷӣу ростӣ ки хост