Соқии биё ки қасри бақо дар тазалзул аст

Дардаи шароби лаъл чаҳ ҷой таъаллул аст

Гар даври ҷом май ба тасалсул кашад равост

Бррғми он ки мункири давр ва тасалсул аст

Дории ҳавои майкадаи тарк сабаб бигӯӣ

Зоди тариқи аҳли иродат таваккул аст

Карданд шарҳи ишқи ҳарифон вале ҳануз

Ин сари сар ба меҳри маҳал таъаммул аст

Огоҳӣ аз кмоҳии ҳолоти ошиқон

Бомо ҷафои ту на зи ҷаҳл аз тҷоҳл аст

Сӯфӣ ки завқи ишқи ту май орадаш ба рақс

Мастӣаст каз сироят май дар тамоюл аст

Ҷомӣ кунад таҳаммул ҳар ранҷу ғам вале

Дар меҳнати фироқи ту бас бетаҳаммул аст