Бе ту шабамро асар рӯз нест
Шамъи шабами анҷуман афрӯз нест
Ҷузи хати фирӯзаи ту бар ду лаб
Бар сафи ҷонҳо шуда фирӯз нест
Ваъдаи лутфати зи азали омадаи сет
Қоидаи ин карам имрӯз нест
Маслиҳати омӯзии расвои ишқ
Маслиҳат маслиҳат омӯз нест
Шаб наҷаҳд ҳамчуи шаҳоб аз дилам
Новаки оҳӣ ки фалак дуз нест
Сайди каманд ту нахоҳад наҷот
Марди бало офият андӯз нест
Гуфта ҷомии ҳама сӯзасту дард
Ҷони Фсрд ҳарчӣ даров сӯз нест