Буд панди ман ин панҷум ки доно
Нагирад сахт бар худ ранҷи дунё
Бибин дунё ва бар худ неки брснҷ
Ки дунё нест ғайр аз хонаи ранҷ
Ду дар дорад ҷаҳон ва он каси баради суд
Казин дар ояд ва зон дар равад зуд
Сарои даҳрро чун нест бунёд
Хуши он оқил ки дар вай , рахт наниҳод
Ҷаҳони девии сети кӯ хуш нест бо кас
Набандад дил касе ҳаргиз ба нокас
Ҷаҳон чизе надидам , балки ҷон низ
Набандад ҳеҷ доно , дил ба ночиз
Ғам дунё махӯр то май туоне
Насиҳат гуфтамат дигари ту доне
Амл чун нест ғайр аз злу пастӣ
Ғанимати дони дарин як дам ки ҳастӣ
Манеҳ бар буду нобӯди ҷаҳони дил
Ки хуш гуфт ин сухан , он марди комил
Ду рӯзаи умр агар додаст агар дӯд
Чнончш бигузароне , бугзарад зуд