Даҳум аз ҳафтумин пандати нишоне

Агар гӯшт буд бо ман замонӣ

Ба ҳар ҳоле ки бошӣ , то ки битавон

зи кас ҳаргиз маранҷ ва ҳам маранҷон

Маранҷон кас , ки пеши аҳли асрор

Гуноҳӣ нест муҳкамтар зи озор

Ҳар он кӯ раҳ набинад ҳаст кӯрӣ

Макун то ме тавон озори мӯрӣ

Макаш бар ҳеҷ душмани теғу ханҷар

Ба худ зан то туоне чун қаландар

Манеҳ бар хок , пои девонау маст

Ки андари зер ҳар пое сиррӣ ҳаст

Шӯ аз озор кардани неки безор

Ки набӯд одамии худ мардуми озор

Гузари зи озор кохр дидам ва буд

Кам озории калиди ганҷи мақсӯд

Агар ҳамчун салимии поки динӣ

Ниёзорӣ ба озорӣ ки бинӣ

Ки ӯ неки эътиқоду пок дайн аст

Мудом аз ҳиммати мардон чунин аст