Буд панди нуҳуми инат ки тадбир

Наёрад крдкс бо амри тақдир

Маяфкан панҷа бо тақдири рафта

Казон дил гардадат ранҷуру тафта

Ҳар он касро ки некӣ сарнавишт аст

Мудом аз некии худ дар биҳишт аст

Дигар онро ки бад додандаш аз пеш

Ба дӯзах бошад аз феъли бади хеш

Чу доранд аз азал ҳар як қарорӣ

Набошад ҳеҷ касро ихтиёрӣ

Чу боради теғ дар бе ихтиёрӣ

Бунаи гардан ки тадбирии надорӣ

Ки саргардон ин меҳранд заррот

Ва зин кораст ақли оқилони мот

Дарин саҳро ки раҳ зу нест берун

Ба ҳар чаҳ ояд макун чандини ҷигари хӯн

Мтоб аз амри фармони сар , ки доно

Наме ёрад ниҳодан зу буруни по

Чу воқифи гаштӣ аз поёни ин роҳ

Ба ҳар чаҳ ояд бигӯ алҳкми ллаҳ