Дар гулӯем бе ту ҳрдм об мегардад гиреҳ

Орзӯҳо дар дил бетоб мегардад гиреҳ

Гар хаёли чин абрӯяш кунам дар сина ам

Чун анори зи дарди дил хуноб мегардад гиреҳ

Бодаро нозам ки аз файзи тулӯъи нашъа аш

Бар ҷабин ӯ дар ноёб мегардад гиреҳ

Рутбаи болоншиниҳои абрӯяш надошт

Қатраи сон зон рӯй аз шарм об мегардад гиреҳ

Гар ба ком ғам прессатон уфтад аз тӯфони дард

Чун дили ошиқи зи ғам бетоб мегардад гиреҳ

Бе такаллуфи синааш ҷӯё чу дарҷ гавҳар аст

Дар гулӯии ҳарки бе ӯ об мегардад гиреҳ