Хуши он риндӣ ки миноро ба соғар мекунад холӣ
Дилӣ аз ғуссаи чарх ситамгар мекунад холӣ
Накӯён бештар доранд поси иззати ҳам ро
Ки зар дар тоҷи шоҳони ҷой гавҳар мекунад холӣ
Тиҳӣ аз хеши роҳи ҷустуҷӯ сар кун ки моҳи нав
зи худ худро барои меҳр анвар мекунад холӣ
Ҳунар кӣ қобили худро зи худ маҳрӯм ме созад
Ки ҷои хеш дар фӯлод ҷавҳар мекунад холӣ
Тиҳӣ гардад зи ҷӯши гиряи имшаби дида аз ашкам
Ғамаши ин баҳрро охир ахгар мекунад холӣ
Шарорати пеша дар афтодагии ҳам кор худ созад
Ки дар ҳар ҷо фитад ҷои худ ахгар мекунад холӣ
Ба дил набӯд ба ғайр аз ҷони ширини нағмаро ҷӯё
Не аз баҳри навои худро з шукр мекунад холӣ